Силсилафилми иҷтимоӣ-хонаводагии «Марҳам» аз имрӯз, 23 июни соли 2026, аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад; асаре, ки бо тамаркуз бар муносибатҳои инсонӣ, хонавода ва ҷустуҷӯи ҳақиқат, достоне ором, вале пур аз фарозу нишебро ривоят мекунад.
«Марҳам» ба коргардонии Муҳаммадризо Оҳанҷ ва нависандагии Муҳсин Ҷасур ва Ҳусайн Сулаймонӣ таҳия шуда, пеш аз пахш бо номи «Пардисон» шинохта мешуд. Ин силсилафилм мекӯшад зиндагии инсонҳоеро ба тасвир кашад, ки дар миёни дурӣ, пазмонӣ, масъулият ва интихобҳои душвор, дар ҷустуҷӯи оромиш ва маънои нави зиндагӣ ҳастанд.
Достон бо бозгашти зане ба номи Манижа оғоз мешавад; зане, ки пас аз солҳои дурӣ дубора ба Эрон бармегардад, то нишоне аз як гумшуда пайдо кунад. Аммо ин бозгашт бар хилофи интизори ӯ танҳо як сафари одӣ нест, балки ӯро вориди роҳе мекунад, ки дар он розҳои гузашта, муносибатҳои пинҳон ва ҳақиқатҳои ногуфта ошкор мешаванд.
Дар ҷараёни достон бинанда бо хонаводаҳое рӯбарӯ мешавад, ки зиндагии онҳо бо шароити хос ҳамроҳ аст; хонаводаҳое, ки ҳамсаронашон барои фаъолияти таблиғоти динӣ ба минтақаҳои гуногун сафар кардаанд ва дурӣ ва масъулиятҳои зиндагӣ онҳоро бо озмоишҳои гуногун рӯбарӯ сохтааст. Ин фазои иҷтимоӣ яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи силсилафилм ба шумор меравад, зеро камтар дар осори телевизионӣ ба зиндагии ҳаррӯзаи чунин хонаводаҳо пардохта шудааст.
«Марҳам» бештар аз он ки танҳо як достони хонаводагӣ бошад, дар бораи инсонҳоест, ки дар баробари гузашта, тасмимҳои душвор ва тағйироти ногаҳонии зиндагӣ қарор мегиранд. Бозгашти Манижа боис мешавад, ки қаҳрамонҳо бо саволҳое дар бораи эътимод, фидокорӣ, бахшиш ва арзиши муносибатҳои инсонӣ рӯбарӯ шаванд.
Яке аз нуқтаҳои қавии ин силсилафилм тамаркуз бар эҳсосот ва таҷрибаҳои воқеии инсонҳост; ҷое ки як рӯйдоди хурд метавонад роҳи зиндагии як хонаводаро тағйир диҳад. Ҳамин нигоҳи инсонӣ боис мегардад, ки достон барои бинандагони форсизабони Тоҷикистон ва Афғонистон низ қобили дарк ва наздик бошад, махсусан барои онҳое, ки ривоятҳои хонаводагӣ ва иҷтимоиро пайгирӣ мекунанд.
Дар ин силсилафилм ҳунармандоне чун Рӯъё Ҷовидниё, Муно Каримӣ, Видо Ҷавон, Масъуд Интизорӣ, Насим Адабӣ, Нодир Сулаймонӣ, Каманд Амирсулаймонӣ, Алиризо Устодӣ, Сафо Оқоҷонӣ, Баҳром Иброҳимӣ, Куруш Сулаймонӣ ва Сипанд Амирсулаймонӣ ҳузур доранд ва бо нақшофаринии худ ба фазои эҳсосӣ ва достонии асар умқи бештар бахшидаанд.
Бар асоси ин гузориш, силсилафилми «Марҳам» аз имрӯз ҳар рӯз соати 18:00 ба вақти Теҳрон, 19:00 ба вақти Кобул ва 19:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи iFilm2 пахш мешавад; ривояте дар бораи бозгашт ба гузашта, ёфтани ҳақиқат ва пайдо кардани роҳе барои дармони захмҳои зиндагӣ мебошад.